Баргузории фестивали саводнокии молиявӣ дар ноҳияи Данғара

Ахбор

Баргузории фестивали саводнокии молиявӣ дар ноҳияи Данғара


Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 25-уми апрели соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.

01-min.JPG

Дар оғоз муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ вобаста ба ҳадафҳои асосии роҳандозии чорабинии мазкур, яъне васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, муаррифии хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ суханронӣ намуд.

02-min.JPG

Дар идома мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ дар мавзуҳои гуногуни марбут ба саводнокии молиявӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати молиявӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақамикунонии пардохтҳо ва тавсеаи инфрасохтори пардохт, суғурта, аҳаммият, манфиат ва фишангҳои молиявӣ, қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он ва дигар мавзӯҳои низоми бонкӣ ва молия баромад намуда, таҷрибаҳои хешро дар ин самт баён доштанд.

03-min.JPG

Илова бар ин, дар ҷараёни фестивал бо иштирокдорон якчанд озмунҳо гузаронида шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

05-min.JPG

Дар қисмати дуюми фестивал “Намоиши маҳсулоти молиявӣ ва суғуртавӣ” баргузор гардид. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва соҳибкорони инфиродӣ маҳсулоти молиявӣ ва истеҳсолии худро ба иштирокдорони чорабинӣ муаррифӣ намуданд.

04-min.JPG

Маврид ба зикр аст, ки чорабиниро ҳамзамон барномаи фарҳангӣ шукуҳи тоза бахшида, ҳунармандони варзида бо санъати хеш табъи зиёда аз 1500 нафар толибилмон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва мактабҳои олӣ, кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар иштирокчиёни фестивалро болида гардониданд.

    

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Диданд: 1488

03.05.2024

Возврат к списку