Омӯзиши Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият

Ахбор

Омӯзиши Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият


Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, татбиқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ва “Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2024”, доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба чунин амалҳои номатлуб, 2 майи соли 2024 дар Бонки миллӣ вохӯрии навбатии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони бонк баргузор гардид.

NBTL0941-min.JPG

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро талаб менамояд.

Таъкид карда шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паст кардани шиддати коррупсия ва ба ин васила баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, мубориза бо амалҳои хусусияти коррупсионидошта ва коҳиш додани хатари коррупсия дар ҷомеа аз шаҳрвандон масъулияти зиёдро талаб менамояд.

Муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Насрутдинзода Қиёмуддин Шовалӣ дар навбати худ вобаста ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)”, аз ҷумла оид ба хавфҳои коррупсия, пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин падидаи нангин, хавфи рух додани чунин ҳолатҳо дар низоми бонкӣ, талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, роҳ надодан ба чунин амалҳо ва инчунин вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо мақсади аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионию ҳуқуқӣ дар назди иштирокдорон бо маъруза баромад намуд.

Дар идома аҳли нишаст вобаста ба масъалаҳои маъруза ва “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)”, ҳадафи таъсис додани гурӯҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ғайра мубодилаи афкор намуда, ба суолҳои хеш посух гирифтанд.

NBTL0945-min.JPG

Дар қисмати хотимавӣ Сироҷиддин Икромӣ изҳор дошт, ки дар самти иҷрои муқаррароти Методологияи мазкур то имрӯз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам кор бурда мешавад. Аз ҷумла, бо мақсади пурзӯр намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми бонкӣ ва танзими муносибатҳои соҳаи бонкӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳияву такмил ёфта, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Методология аз ҷониби кормандон пайваста мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дошта, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ минбаъд низ муассир ба роҳ монда мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 1676

02.05.2024

Возврат к списку